Зи пуштам микуни гайбат таро гуам саломат бош

Содержание
  1. Зи пуштам мекуни (Ғайбат)) Бо садои (Сияров Парвиз)
  2. Для просмотра онлайн кликните на видео ⤵
  3. Зи пуштам мекуни (Ғайбат)) Бо садои (Сияров Парвиз)
  4. Для просмотра онлайн кликните на видео ⤵
  5. Соли 2021 киҳо ба хизмати ҳарбӣ мераванд ва киҳо не. Ҷавоб ба саволҳои батакрори корбарон
  6. Тибқи тағйиротҳо, акнун магистрон ва доктарантон низ ба хизмати ҳарбӣ фаро гирифта мешаванд. Алакай қисме аз магистрон даъватномаи хизмати ҳарбӣ гирифтаанд.
  7. Киҳо аз хизмати ҳарбӣ озоданд?
  8. Ба киҳо таъхир гузоштани даъват ба хизмати ҳарбӣ иҷозат дода мешавад?
  9. Дар соли 2021 кӣ ба хизмати ҳарбӣ меравад?
  10. Магистрант, аспирант ва докторант, ҳуқуқи ба таъхир гузоштани даъват ба хизмати ҳарбиро дорад?
  11. Мӯҳлати хизмати ҳарбӣ чӣ қадар аст?
  12. Оё барои ба хизмати ҳарбӣ нарафтан ягон роҳи дигаре мавҷуд аст?
  13. Маблағи озод шудан аз хидмати ҳарбӣ чанд сомонӣ аст?
  14. Шеърхои Исломи бо Забони Точики
  15. Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
  16. Наъти саидулмурсалин саллалоҳу алайҳи васаллам

Зи пуштам мекуни (Ғайбат)) Бо садои (Сияров Парвиз)

Для просмотра онлайн кликните на видео ⤵

Зи пуштам мекуни ғайбатПодробнее

Фурузон Бойматов суруди нав бо ном Зи пуштам мекунӣ ғайбат 🆕2029Подробнее

ЗИ ПУШТАМ МЕКУНИ ГАЙБАТ ТУРО ГУЯМ САЛОМАТ БОШПодробнее

Ғайбат ё ошкорбаёнӣ. Подробнее

Ғайбат гушкун тоахирша дустонПодробнее

Зи пуштам мекуни гайбатПодробнее

шеъри (Мирзоев Ҳукмиддин) Кимор &Конкурс бозо Бо Садои (Сияров Парвиз)Подробнее

Гайбат Макун хеч кас роПодробнее

Макун ғайбат агар Мулло АҷикПодробнее

Ғайбат макун эй бародарПодробнее

Кисаи Ачоиб Бо садои (Сияров Парвиз)Подробнее

Ғайбат кардан чиқадар гунохи вазминастПодробнее

Шеъри Аниси Ёқубиён ( Ёди Падар)Бо садои (Сияров ПарвизПодробнее

Гайбат гунохи азим астПодробнее

Худои Ҳазрати Юсуф ва Худои ту якест))).Бо садои (Сияров Парвиз)Подробнее

Источник

Зи пуштам мекуни (Ғайбат)) Бо садои (Сияров Парвиз)

Для просмотра онлайн кликните на видео ⤵

Зи пуштам мекуни ғайбатПодробнее

ЗИ ПУШТАМ МЕКУНИ ГАЙБАТ ТУРО ГУЯМ САЛОМАТ БОШПодробнее

Зи пуштам мекуни гайбатПодробнее

Фурузон Бойматов суруди нав бо ном Зи пуштам мекунӣ ғайбат 🆕2029Подробнее

Ғайбат ё ошкорбаёнӣ. Подробнее

Ғайбат гушкун тоахирша дустонПодробнее

шеъри (Мирзоев Ҳукмиддин) Кимор &Конкурс бозо Бо Садои (Сияров Парвиз)Подробнее

Гайбат Макун хеч кас роПодробнее

Макун ғайбат агар Мулло АҷикПодробнее

Ғайбат макун эй бародарПодробнее

Гайбат гунохи азим астПодробнее

Худои Ҳазрати Юсуф ва Худои ту якест))).Бо садои (Сияров Парвиз)Подробнее

Шеъри Аниси Ёқубиён ( Ёди Падар)Бо садои (Сияров ПарвизПодробнее

Кисаи Ачоиб Бо садои (Сияров Парвиз)Подробнее

Ҳоҷи Мирзо ғайбатПодробнее

Ғайбат кардан чиқадар гунохи вазминастПодробнее

Источник

Соли 2021 киҳо ба хизмати ҳарбӣ мераванд ва киҳо не. Ҷавоб ба саволҳои батакрори корбарон

Тибқи тағйиротҳо, акнун магистрон ва доктарантон низ ба хизмати ҳарбӣ фаро гирифта мешаванд. Алакай қисме аз магистрон даъватномаи хизмати ҳарбӣ гирифтаанд.

Сар аз 1 уми апрел, мавсими баҳории даъват ба хизмати ҳарбӣ бо ибораи дигар “облава” оғоз мешавад. Соли ҷорӣ ба Қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” як қатор тағйироту иловаҳо ворид гардиданд, ки мувофиқи он, акнун донишҷӯён новобаста аз таҳсил карданашон дар кафедраҳои ҳарбӣ ба хизмат даъват мешаванд.

Муаллифи Your.tj Малика Сафарзода ба саволҳои зуд-зуд такроршаванда аз ҷониби шаҳрвандон оиди тағйиротҳои нав аз қонуни мазкур ҷавоб омода кард.

Киҳо аз хизмати ҳарбӣ озоданд?

  • Шаҳрванде, ки дар оила фарзанди ягона аст;
  • Шаҳрванде, ки нисбаташ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст ва ё мувофиқи фармони суд аз озодӣ маҳрум аст;
  • Шахсони дорои маъюбияти гурӯҳҳои 1, 2, 3 ва нафароне ки аз рӯи вазъи саломатиашон барои хизмати ҳарбӣ мувофиқ нестанд;
  • Шаҳрвандоне, ки падар (модар), бародар (хоҳарашон) ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ вафот кардаанд ё маъюби гурӯҳҳои 1 ва 2 гардидаанд;
  • Онҳое, ки унвони илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ё доктори ҳабилитатро доранд.
  • Нафароне, ки хизмати ҳарбӣ ё дигар намуди хизмати ба он баробаршудро дар дигар давлат адо намудаанд.

Ба киҳо таъхир гузоштани даъват ба хизмати ҳарбӣ иҷозат дода мешавад?

  • Муваққатан ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудан бинобар вазъи саломатӣ – ба муҳлати то 6 моҳ;
  • Нигоҳубини узви оилаи ба кумаки дигар кас эҳтиёҷдошта, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор надорад, дар сурати набудани шахсони дигаре, ки дар асоси қонун уҳдадоранд ба аъзои зикргардидаи оила ғамхорӣ намуда, онҳоро таъмин кунанд (ба кумак ва нигоҳубини каси дигар эҳтиёҷдошта он аъзои оила ҳисобида мешаванд, ки ба синни нафақа расидаанд ё маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд, инчунин он аъзои оила, ки ба синни 18 нарасидаанд);
  • Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ – то хатми муассисаҳои таълимии мазкур;
  • Нафаре, ки дар тарбияи кӯдаки аз модар маҳруммонда аст;
  • Оғоз карда шудани парвандаи ҷиноятӣ – то қабули қарори дахлдор;
  • Адои ҷазои ҷиноятӣ дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ ва ё маҳдуд кардани озодӣ.
  • Ба ғайр аз асосҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони зерин ҳуқуқ доранд:
  • даъватшавандае, ки модараш ғайр аз ӯ ду ва зиёда фарзанди ноболиғ дошта, онҳоро бе ҳамсар тарбия менамояд – то ба балоғат расидани фарзанди (писари) дигар;
  • Онҳое, ки вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ интихоб шудаанд – дар давоми муҳлати ваколат;
  • Онҳое, ки дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти тахассуси дараҷаи бакалавр ва мутахассис бори аввал таҳсил менамоянд – дар давраи таҳсил;
  • Омӯзгороне, ки таҳсилоти олии омӯзгорӣ дошта, дар вазифаи омӯзгори муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии деҳот кор мекунанд – дар давраи иҷрои ин кор;
  • Онҳое, ки таҳсилоти олии тиббӣ дошта, дар муассисаҳои таълимӣ ё тиббии деҳот кор мекунанд – дар давраи иҷрои ин кор;
  • Онҳое, ки ду ва зиёда фарзанд доранд

Дар соли 2021 кӣ ба хизмати ҳарбӣ меравад?

– Шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-солаи дар қайди ҳарбӣ қарордошта ё шаҳрвандоне, ки уҳдадоранд дар ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ, ки мутобиқи Қонуни мазкур дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст қайди ҳарбӣ бошанд ва барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ё озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ҳуқуқ надоранд, ба хизмати ҳарбӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо, дар вазифаҳои сарбозон ва сержантҳо даъват карда мешаванд.

– Шаҳрвандони ҷинси марди то 27-сола, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанду кафедраҳои ҳарбиро дар назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ хатм намудаанд ва бо гирифтани рутбаи ҳарбии афсарӣ ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудаанд, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват карда мешаванд.

Магистрант, аспирант ва докторант, ҳуқуқи ба таъхир гузоштани даъват ба хизмати ҳарбиро дорад?

Не. Мувофиқи тағйиртҳои нав магистрон, аспирантон ва докторантон, барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҳуқуқ надоранд. Алакай қисми зиёди магистрантон ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд. Танҳо нафароне, ки бори аввал дар зинаи бакалавриат шӯъбаи рӯзона таҳсил карда истодаанд, ҳуқуқ доранд, ки муҳлати даъвати хизмати ҳарбиро ба таъхир гузоранд.

Мӯҳлати хизмати ҳарбӣ чӣ қадар аст?

1) Барои онҳое, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро дар вазифаҳои сарбозон ва сержантҳо адо мекунанд 24 моҳ, барои шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ – 12 моҳ;

2) барои онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар вазифаҳои сарбозҳо ва сержантҳо адо мекунанд – 1 моҳ;

3) барои онҳое, ки аз рӯи даъват дар вазифаҳои афсарон хизмати ҳарбиро адо мекунанд – 24 моҳ;

Оё барои ба хизмати ҳарбӣ нарафтан ягон роҳи дигаре мавҷуд аст?

Бале. Тибқи тағйироту иловаҳо ба Қонун “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, нафароне, ки ба хизмати ҳарбии муҳлатнок рафтан намехоҳанд, метавонанд ба ҷои 12 ё 24 моҳ хизмат кардан, бо супоридани маблағи муайян ҳамагӣ як моҳ омодагии ҳарбӣ гиранд ва соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Маблағи озод шудан аз хидмати ҳарбӣ чанд сомонӣ аст?

То ҳол ҳукумати кишвар маблағи озод шудан аз хизмати ҳарбиро эълон накардааст. Аз рӯи тахмин ва ҳадси коршиносони соҳа он на кам аз 25 ҳазор сомонӣ мешавад. Вазорати мудофиа бояд дар рӯзҳои наздик нархи хизмати ҳарбиро муайян ва эълон намояд.

Источник

Шеърхои Исломи бо Забони Точики

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Ибтидо мекунам ба номи худо,

К-аз ду ҳарф офарид арзу само.

Номи ҳақ бар забон ҳамеронам,

Ки ба ҷону дилаш ҳамехонам.

Молику сониъу қадиму ҳаким,

Холиқу розиқу рауфу раҳим.

Ҳар чи ҳаст аз баландию пастӣ,

Ҳама з-ӯ ёфт сурати ҳастӣ.

Тоати ӯст фарзу айн шуда,

Бар ҳама халқ ҳамчу дайн шуда.

Дод моро китоб, то хонем,

Кард моро хитод, то донем.

Ҳарчи ӯ гуфт , он кунем ҳама,

Тоати ӯ ба ҷон кунем ҳама.

Ҳарчи чи ӯ гуфт , ғайри он кардан,

Нест суде ба ҷуз зиён кардан.

Рӯзу шаб толиби қабули ваем,

Пайраву уммати расули ваем.

Наъти саидулмурсалин саллалоҳу алайҳи васаллам

Шукри ҳақро , ки пешво дорем,

Пешвое чу Мустафо дорем.

Меҳтару беҳтару гузини ҳама,

Сарвару хотиму нигини ҳама.

Ӯ шариат баён кунад моро,

Ӯ тариқат аён кунад моро.

Саловоти Худой бар вай бод,

То ба рӯзи ҷазо паёпай бод.

Уммати ӯ , дӯстори ваем,

Дӯстори чаҳор ёри ваем.

Чун Абубакр, Уммару Усмон,

Муртазо дон алайҳим арризвон.

Оғози китоби мустатоб ва эърози мусанниф раҳимаҳуллоҳ

Ай мусаллӣ , биё таҳорат кун,

Хонаи дини худ иморат кун.

Чун биёрӣ таҳорати зоҳир ,

Ботинат низ ҳақ кунад тоҳир.

Он таҳорат, ки қисму ҷисм омад,

Зоҳиратро ҳама се қисм омад.

Тан ба ғуслу вузӯ чу пок кунад,

Об агар нест, қасди хок кунӣ.

Шарҳи ин се навъро гӯем,

З-он ки ҷавгони шаръро гӯем.

Дар таҳорат фаризаву суннат,

Бар ту хонам равону беминнат.

Пас баёни намозу рӯза кунем,

Тӯшаи умри панҷрӯза кунем.

Обдасту намоз бояд кард,

Дил мақоми ниёз бояд кард.

Рӯзи маҳшар, ки ҷонгудоз бувад,

Аввли пурсиш аз намоз бувад.

Пас макун дар намозҳо тақсир,

То дар он рӯз бошадат тавфир.

Худ саноӣ чӣ бас накӯ гуфтааст,

Дурри маънӣ нигар, ки ӯ суфтааст:

Ғами дӣн хӯр ки ғам ғами дин аст,

Ҳама ғамҳо фурӯтар аз ин аст.

Ғами дунё махӯр , ки беҳудааст,

Ҳеҷ кас дар ҷаҳон наосудааст.

Ман ба аҷзу кусур мӯътарифам,

На чу нодон аҳмақу ҳарифам,

Пеш аз ин гуфтаанд аҳли салаф:

Узр ман саннафа қад истаҳдаф.

Лек бар қадри хеш кӯшидан,

Беҳ аз бекорию хамӯшидан,

Ман ба қадри маҷол кӯшидам,

Фиқрҳо бурди назм пӯшидам.

Накунам айб, агар ту битвони,

Ки дар ӯ хӯллае бипӯшони.

Аспи този агарчи беҳ тозад,

Лошахар хештан наяндозад.

Саду ҳафтод байту даҳ боб аст,

Лоиқи рӯзгори асҳоб аст.

Мӯҷазу дилпазир афтодааст,

Лоҷарам беназир афтодааст.

Ин туро ёдгор аз шараф аст,

Номи ӯ дар ҷаҳон ба ҳар тараф аст.

Аз Бухорост мавлиду насабаш,

В-аз Хуросон улуми мактасабаш.

Ё илоҳи, бидеҳ ту тавфиқам,

Роҳ бинмоӣ сӯи таҳқиқам.

Дар баёни фароизи вузӯ

Дар сабоҳу равоҳу лайлу наҳор,

Дар вузӯ нест ҷуз фариза чаҳор:

Шустани рӯю дасту маҳси сар аст,

Шустани пой низ мӯътабар аст.

Рубъи сар маҳс фарз бояд дид,

Лозимаш ҳамчу қарз бояд дид.

Дар баёни суннатҳои вузӯ

Суннати обдаст даҳ бошад,

Ҳарки донист, марди раҳ бошад:

Шустани даст, пеш мисвок аст,

Номи ҳақ гуфтан аз дили пок аст.

Мазмаза, масҳи гӯш, истинҷо,

Ба се каррот шустани аъзо.

Низ ангушти пойро таҳлил,

Суннат омад зи мустафо, беқил.

Боз таҳлили лиҳя, истиншоқ,

Гуфтам ин ҷумларо алалитлоқ.

Узв агар тар кунӣ, раво набувад,

Рондани об ҷуз хато набувад.

Дар баёни мустаҳабботи вузӯ

Дар вузӯ шаш зи мустаҳобот аст:

Нияту з-он сипас муволот аст.

Ҳама сар масҳу вонгаҳе тартиб,

Ба маёмин бидоят аз таъдиб.

Гар ту панҷ аз сари амал гирӣ,

Масҳи гардан аз ин қибал гирӣ.

Дар баёни макрӯҳоти вузӯ

Об андар даҳону дар бинӣ,

Ба кафи чап кароҳият бинӣ.

Об ба рӯй сахт бар кардан,

Аврати хешро назар кардан.

Хева дар об ҳиштан аз амдо,

Сухан андар мақоми истинҷо.

Гар ту бинӣ ба рост афшонӣ,

Дар миёни кароҳият монӣ.

Ҳар ки ин шаш кароҳият донад,

Доим андар рифоҳият монад.

Дар баёни шиканандаи таҳорат

Он чи аз пешу пас аён гардад,

Обдасти туро зиён гардад.

Риму хун чун равон ҳаме бошад,

Қай кунӣ, пур даҳон ҳаме бошад.

Қаҳқаҳа дар намоз, беҳуши,

Боз девонагию мадҳушӣ.

Хоби такязада вузӯ шиканад,

Такя бар хоб ҳеҷ касс накунад.

Магар ин бод к-он зи пеш бувад,

Ки вузӯ ҳам ба ҷои хеш бувад.

Дар баёни фароизи ғусл

Ҳар ки бо донишу тамиз бувад,

Фарз дар ғусли ӯ се чиз бувад.

Читайте также:  Можно ли научиться раскладам таро

Об дар бинию даҳон кардан,

Бар ҳама узви худ равон кардан.

Дар баёни суннатҳои ғус

Суннати ғусл ҷумлаги панҷ аст,

Ёд гираш, ки беҳтар аз ганҷ аст:

Шустани дасту фарҷ бояд пеш,

Дур кардан наҷосат аз тани хеш.

Пас вузӯ сохтан зи баҳри худо,

Шустани тан се бор сартопо.

Он заноне ки муйро бофанд,

Шояд он мӯйро на бишкофанд.

Бар таги сар чу обро ронанд,

Бофта хушк ҳамчунон монанд.

Дар баёни миқдори оби вузӯ

Макун исроф мои маҷони,

Чун “ ва ло тусрифу” ҳамехонӣ.

Талафи об чун раво набувад,

Талафи умр ҷуз хато набувад.

Дар вузӯ об як ману ним аст,

Ғуслро чаҳор ман зи таълим аст.

Дар вузӯ кун ба ним ман истинҷо,

Дор мар дасту рӯй ним манро.

Пас бадон ним мане, ки мемонад,

Пойро шӯй ҳар он чи мемонад.

Ҳамчунин гир ғуслро таълим,

Бар сари хеш рез ду ману ним.

Ҳаст ин эҳтиёт дар хона,

Ки бувад оби ту ба паймона.

Гар ту, ай хоҷа, бар лаби ҷӯӣ,

Нест исроф ҳарчи мешӯӣ.

Гар ту хоҳи, ки шаръ омӯзӣ,

Боядат ҷидду ҷаҳду дил сӯзӣ.

Он чи аз вай суол хоҳад буд,

Насазад гар малол хоҳад буд.

Дар талаб кардани ҳақиқати кор,

Аз худо шарм дор, шарм мадор.

Дар баёни мӯҷиботи ғусл

Ғусл аз панҷ чиз фарз шавад,

Бар зану мард ҳамчу қарз шавад.

Ҳар занеро, ки гум шавад айём,

Ғусл бояд ба ҳар намоз мудом.

Чун шавад пок зан зи ҳайзу нифос,

Ғусл воҷиб шавад ба шаръу қиёс.

Мардро чу закар чунон гардад,

Ки дар андоми зан ниҳон гардад.

Ғусл воҷиб шавад аз он ҳолаш,

Гарчи з-он ҳол нест инзолаш.

Ғусл воҷиб кунад ҷанобат ҳам,

Бар зану мард, ай карам.

Дар баёни фароизи таяммум

Чор чиз аст дар таяммум фарз,

Медиҳам мар туро бадониш арз.

Нияту қасди хок, ай сарвар,

Хок, аммо чу пок, ай меҳтар,

Пас бизан ҳарду дастро бар хок,

Пас бимолаш ба рӯй, то шави пок.

Пас дигарбора панҷа зан дарҳол,

Ҳар ду соид ба мирфақайн бимол.

Дар таяммум фариза ин чор аст,

Ки туро з-ин чаҳор ночор аст.

Ният ин аст, агар намедонӣ,

Ки намозат мубоҳ гардонӣ.

Дар баёни ноқисоти таяммум

Ҳар чи он ноқиси вузӯ бошад,

Ноқиси ин таяммум ӯ бошад.

Он ки қодир шавад ба оби таҳур,

З-ӯ шавад дар замон таяммум дур.

Назди мо шарт ҳаст истиоб,

Дар таяммум ту нуқтаро дарёб.

Ҳар ки миле зи об дур бувад,

Ин таяммум вайро таҳур бувад.

В-ар бувад об камтар аз миле,

Нест дар норавоияш қиле.

Мил дар шаръ сулси фарсанг аст,

Ки туро дониш аст, фарҳанг аст.

Сулси фарсах бувад чаҳор ҳазор,

Аз қадамҳои марди хушрафтор.

Дар баёни дувоздаҳ фарз

Ҳар ки ӯ толиби латифа бувад,

Муқтадояш Абӯ Ҳанифа бувад.

Ӯ дар ислом сӯфию софӣ,

Дар шариат вафию ҳам вофӣ.

Бишнав аз ман баёни мазҳаби ӯ,

З-он ки софитар аст машраби ӯ.

Забт кун ин ду шаш фариза кунун,

Шаш даруни намозу шаш берун.

То намози ту бораво гардад,

Фарзу нафлат ҳама адо гардад.

Он чи берун кунун туро фарз аст,

Арз дорам, ки мӯҷиби арз аст:

Ният асту таҳорату такбир,

Пӯшиши аврату макони таҳир.

Ғами ислом боядат хӯрдан,

Рӯй ҳам сӯи қибла овардан.

Шаши дигар андаруни намоз,

Фарз дону намоз кун ба ниёз.

Он қиёму қироат асту рукӯъ,

Қаъдаи охирину саҷда хузӯъ.

Пас бурун омадан фариза шинос,

Аз намоз, ай мадор ақлу қиёс.

ДАР БАЁНИ ВОҶИБОТИ НАМОЗ

Воҷиботи намоз ҳафт аст,

З-он ки аз Мустафо чунин рафтааст:

Фотиҳа замми сураи Қуръон,

Дар дуи аввал аз фариза бихон.

Лек андар татаввӯъу суннат,

Сура бо фотиҳа бикун заммат.

К-охиринаш чу аввалин бошад,

Сура бо фотиҳа қарин бошад.

Дар баландӣ баланд бояд хонд,

Ончи паст аст, паст бояд хонд.

Низ дар витр шуд қунут аён,

Боз таъдили ҷумлаи аркон.

Лек дар ид воҷиб афзояд,

З-он ки такбири ид мебояд.

Донад он кас, ки ҳусбате дорад,

К-андар ин боб нисбате дорад.

Қаъдаи аввал аз воҷибот аст,

Боз дар охираш атаҳиёт аст.

ДАР БАЁНИ САҶДАИ C АҲВ

Саҷдаи саҳвро баён кардан,

Он чи мушкил бувад аён кардан.

Гар касе фарзро кунад таъхир,

Ё кунад таркиби воҷиб аз тақсир.

Саҷдаи саҳвро чу соз кунад,

Ҷабри нуқсони он намоз кунад.

Ай мусаллӣ, ба ҳарду даст салом,

Гӯй в-он гаҳ биёр саҷда тамом.

Лек он кас ки ӯ имом бквад,

Ба сӯи рост як салом бувад.

Инчунин аст мазҳаби Нӯъмон,

Ӯ ба тақвӣ чу Бузару Салмон.

Инчунин аст ривояту фатво,

Ихтиёр он бувад ки ӯ тақво.

Ҳар яке саҳвро ду саҷда бас аст,

Шаръ омӯз, агар туро ҳавас аст.

Ҳар имоме ки мӯҳтадӣ бошад,

Саҳви ӯ саҳви муқтади бошад.

Муқтадиро чу саҳв афтодаст,

Саҷдаи саҳви ӯ на мӯътод аст.

Саҳви ӯро имом бардорад,

Тоаташро худой бипазирад.

ДАР БАЁНИ СУННАТҲОИ НАМОЗ

Суннат андар намоз омад бист,

Даҳ аз он қавлисту даҳ феълист.

Он чи қавлист, ҳаст истифтоҳ,

Баъд аз он дар ауз гашт фалоҳ.

З-он сипас тасмия асту омин аст,

Самиъаллоҳ гуфтан аз дин аст.

“Самиъаллоҳ ” имом бардорад,

Муқтади “раббано лака” оғозад.

Боз тасбеҳ дар рукӯъу суҷуд,

Низ такбир дар ҳутубу суъуд.

Пас бурун омадан ба лафзи “салом”,

Назди мо воҷиб аст дар ислом.

Фотиҳа дар дуи охир аз фарз,

Гир суннат, вале магир аз фарз.

Суннати феълӣ дар намоз даҳ аст,

Ёд гираш агар туро шараҳ аст.

Ҳаст рафъи ядайн то узнайн,

Низ бар ҷой саҷда дорад айн.

Баъд аз он дасти ростро бар чап,

Биниҳи зери ноф баҳри адаб.

Ман занонро ба ҷумлаи ақвол,

Даст бар сина беҳ бувад ҳама ҳол.

Даст бар зону дар рукӯъ бинеҳ,

Пушт ҳамвора дор ҳамчу зеҳ.

Саҷда оред дар миёни ду каф,

Шикам аз рон дур аст аз даф.

Низ бар пои чап нишаста кунӣ,

Сари ангушт сӯи қибла кунӣ.

Боз гардон ту руй вақти салом,

Бар ямину ясори хеш тамом.

Гар касе бар ту шубҳат андозад,

Мустаҳабро зи суннат андозад.

ДАР БАЁНИ НАМОЗҲОИ ФАРИЗА

Он чи фарз аст дар шабурӯзӣ,

Ҳадаф ракъат бувад, гар омӯзӣ.

Ду ба субҳу чаҳор пешин аст,

Чор дар вақти аср таъин аст.

Се ба шому чаҳор дар хуфтан,

З-ин накӯтар наметавон гуфтан.

ДАР БАЁНИ СУННАТҲОИ ШАБУРӮЗӢ

Уламо гуфтанд бе шубҳат,

Ҳаст суннат дувоздаҳ ракъат.

Шаш ба пешин гузору ду ба саҳар,

Ду пас аз шому ду ба хуфтан дар.

Чори дигар зи аср пеш гузор,

Лек инро зи мустаҳаб медор.

Дуи дигар гузор баъд аз шом,

Тоати зулҷалоли валикром.

Чор пеш аз ишо, чаҳор аз пас,

Суннати панҷвақт ин шуд бас.

Ғайр аз ин ҳарчи ҳаст, нофила аст,

Хоҷаи мо амири қофила аст.

Суннати холиси салот ин аст,

Ҳарчи ҳаст аз муаккадот ин аст.

Витрро аз воҷибот медоранд,

Бар ҳама воҷиб аст бигзоранд.

ДАР БАЁНИ РӮЗАИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Нест дар ҳукми шаръ, агар донӣ,

Рӯза ҷуз қаҳри нафси шаҳвонӣ.

Аз ҷимоъу шароб дур шудан,

В-аз ҳама хӯрданӣ нафур шудан.

Фарз дон ҷумла рӯзаро ният,

То биёбӣ зи рӯза амният,

Дар қазо ҷуз ба шаб раво набувад.

Лек мар вақтию навофилро,

То ба пеш аз завол ҳаст раво.

ДАР БАЁНИ МАКРУҲОТИ РӮЗА

Магасу паша дар гулӯ чу парид,

Нест нуқсони рӯзаи ту падид.

Гар касе раг заду ҳиҷомат кард,

Менашояд варо маломат кард.

В-ар кунӣ масҳи руғану сурма.

Бар сару чашм нестат ҷурма,

Намаку сирко дар даҳон бичашид,

Рӯза боқист гар фурӯ накашид.

Нон ки аз баҳри тифл мехоянд,

Уламо андар ин чӣ фармоянд?

Гар зарурат бувад, раво бошад,

Бе зарурат чунин хато бошад.

Рӯза боқӣ бувад, вале макрӯҳ,

В-аз кароҳат мабош бе андӯҳ.

Ба фаромӯшӣ ар кунию хӯрӣ,

Ҳаст ҳарду туро ҳанию марӣ.

В-ар ба қасд аст хӯрдану корат.

Лозим ояд қазову кафорат.

В-ар хӯрӣ он чи ӯ ғизо набувад,

Бар ту лозим ба ҷуз қазо набувад.

Дар татаввӯъ агар шурӯъ кунӣ,

Пас руҷӯъ аз барои ҷӯъ кунӣ.

Ҳамчу сангу кулуху оҳану рӯй,

Набувад зин қабил гили саршӯй.

ДАР БАЁНИ КАФОРАТИ РӮЗА

Гар касе қасд кард дар хӯрдан,

Ба наҳори муҷомаат кардан.

Шаст мискин таом бояд дод,

Ё яке банда карданаш озод.

Ё ду маҳ рӯзаро паёпай дор,

То шави аз ҳаёт бархурдор.

ХОТИМА

Аз барои ту ин қадар гуфтам,

Ёд гираш, ки мухтасар гуфтам.

Ҳар кӣ инро ба сидқ бархонад,

Воҷибу фарзу нафлро донад.

Ҷони хонандаро худои карим,

Бираҳонӣ ту аз азоби алим.

Ҳар ки аз мо кунад ба неки ёд,

Номи ӯ дар ҷаҳон ба некӣ бод.

Наваду нӯҳ чу рафт шашсад сол,

Аз вафоти расул то имсол.

Нимае аз ҷимодулаввал,

Буд к-ин назм гашт мустакмал.

Раҳмати ҳақ нисори хонанда,

Бар нависандаву расонанда.

БИСМИЛЛОҲИР РАҲМОНИР РАҲИМ

Ҳамди беҳад маар худои покро,

Он ки ҷон бахшид мушти хокро.

Он ки дар одам дамид ӯ рӯҳро,

Дод аз тӯфон наҷот ӯ Нӯҳро.

Он ки фармон кард қаҳраш бодро,

То сазое дод қавми Одро.

Он ки лутфи хешро изҳор кард,

Бар халилаш норро гулзор кард.

Он худованде ки ҳангоми саҳар,

Кард қами Лутро зерузабар.

Сӯи ӯ хамсе, ки тир андохтӣ,

Пашшае кораш кифоят сохтӣ.

Он ки аъдоро ба дарё даркашид,

Ноқаро аз санги хоро баркашид.

Чун иноят қодири қайюм кард,

Бар кафи Довуд оҳан мум кард.

Бо сулаймон дод мулку сарварӣ,

Шуд мутеи хотамаш деву парӣ.

Он яке пӯшида санҷобу самур,

В-он дигар хуфта бараҳна дар танур.

Он яке бар бистаре кимхобу нах,

Дигаре ба хоку хоре баста ях.

Турфатулайне ҷаҳон барҳам занад,

Касс наметонад, ки он ҷо дам занад.

Он ки бо мурғи ҳаво моҳӣ диҳад,

Бандагонро давлати шоҳи диҳад.

Бе падар фарзанд пайдо ӯ кунад,

Тифлро дар маҳд гӯё ӯ кунад.

Мурдаи садсоларо ҳай мекунад,

Ин ба ҷуз ҳақ дигаре кай мекунад.

Сонее к-аз тийн салотин мекунад,

Наҷмро ра ҷми шаётин мекунад.

Аз замин хушк рӯёнад гиёҳ,

Осмонро бесутун дорад нигоҳ.

Ҳеҷ кас дар мулки ӯ анбоз не,

Қавли ӯро лаҳн не, овоз не.

ДАР ИЗҲОРИ НАЪТИ САЙИДУЛМУРСАЛИН

Баъд аз ин гӯям дуруди Мустафо,

Он ки олам ёфт аз нураш сафо.

Охир омад, буд фахрулаввалин.

Он ки омад нӯҳ фалак меъроҷи ӯ,

Анбиёву авлиё мӯҳтоҷи ӯ.

Шуд вуҷудаш раҳмати лилоламин,

Масҷиди ӯ шуд ҳама рӯи замин.

Садҳазорон раҳмати ҷонофарин,

Бар ваю бар оли поки Тоҳирин.

Он ки шуд ёраш Абубакру Умар,

Аз сари ангушти ӯ шақ шуд қамар.

Ог яке ӯро рафиқи ғор буд,

В-он дигар лашкаркаши аброр буд.

Соҳибаш буданд Усмону Алӣ,

Баҳри ӯ гаштанд дар олам валӣ.

Он яке кони ҳаёву ҳилм буд,

В-он дигар боби мадина илм буд.

Он расули ҳақ хайруннос буд,

Амми покаш Ҳамзаву Аббос буд.

Ҳар дам аз мо сад дуруду сад салом,

Бар расулу оли асҳобаш тамом.

ДАР ФАЗИЛАТИ АИМАИ ДИНИ МУҶТАҲИДИН РАҲМАТУЛЛОҲИ АЛАЙҲИ

Он имомоне, ки карданд иҷтиҳод,

Раҳмати ҳақ бар равони ҷумла бод.

Буҳанифа буд имоми босафо,

Он сироҷи умматони мӯстафо.

Бод фазли ҳақ қарини ҷони ӯ,

Шод бод аарвоҳи шогирдони ӯ.

Соҳибаш Буюсуфи қози шуда,

В-аз Муҳаммад зулманин рози шуда.

Шофеъи Идрис Молик Бозфар,

Ёфт з-эшон дини Аҳмад зебу фар.

ки буд ӯ марди ҳақ,

Дар ҳама чиз аз ҳама бурда сабақ.

Рӯҳашон дар садри ҷаннат шод бод,

Қасри дин аз илмашон обод бод.

МУНОҶОТ БА ҶАНОБИ МУҶИБУДДАЪВОТ

Подшоҳо, ҷурми моро даргузор,

Мо гунаҳгорем, ту омурзгор.

Ту накӯкорию мо бадкардаем,

Ҷурми беандоза беҳад кардаем.

Солҳо дар банди исён гаштаем,

Охир аз карда пушаймон гаштаем.

Доимо, дар фисқу исён мондем,

Ҳамқарини нафси шаётон мондаем.

Рӯзу шаб андар маъосӣ будаем,

Ғофил аз амру навоҳӣ будаем.

Бе гунаҳ нагзашт бар мо соате,

Бо ҳузури дил накарда тоъате.

Бар дар омад бандаи бигрехта,

Обрӯи худ дар исён рехта.

Мағфират даром умед аз лутфи ту,

З-он ки худ фармудаӣ: “ло тақнату”.

Баҳри алтофи ту бепоён бувад,

Ноумед аз раҳматат шаётон бувад.

Нафси шайтон зад каримо роҳи ман,

Раҳматат бошад шафоъатхоҳи ман.

Чашм дорам аз гунаҳ покам кунӣ,

Пеш аз он к-андар лаҳад хокам кунӣ.

Андар он дам к-аз бадан ҷонам барӣ,

Читайте также:  Таро цифры значение от туза до 10 что значат

В-аз ҷаҳон бо нури имонам барӣ.

ДАР БАЁНИ МУХОЛИФАТИ НАФСИ АММОРАҲ

Оқил он бошад, ки ӯ шокир бувад,

В- он гаҳе бар нафси худ қоҳир бувад.

Ҳар ки хашми худ фурӯ хӯрд эй ҷавон,

Бошад ӯ аз растагорони ҷаҳон.

Он бувад аблаҳтарини мардумон,

К-аз паи нафсу ҳаво бошад давон.

В-он гаҳе пиндорад он торикрой,

Хоҳад омурзиданаш охир худой.

Гарчӣ дарвешӣ бувад сахт, эй писар,

Ҳам зи дарвешӣ набошад хубтар.

Ҳар ки ӯро нафси тавсан ром шуд,

Аз хирадмандони некӯном шуд.

Бар муроди нафс то гарди асир,

Сабр бигзину қаноат пеша гир.

Дар риёзат нафси бадро гӯшмол,

То наяндозад туро андар вубол.

Ҳар ки хоҳад, то саломат монад ӯ,

Аз ҷамеи халқ рӯ гардонад ӯ.

Мардумонро ср ба сар дар хоб дон,

Гашт бедор он ки ӯ рафт аз ҷаҳон.

Он ки ӯ ранҷонадат, узраш пазир,

То биёбӣ мағфират бар вай магир.

Ҳақ надорад дӯст халқозорро,

Нест ин хислат яке диндорро.

Аз ситам ҳар кӯ дилеро реш кард,

Он ҷароҳат бар вуҷуди хеш кард.

Он ки дар банди дилозорӣ бувад,

Дар уқубат кори ӯ зорӣ бувад.

Эй писар, қасди дилозорӣ макун,

В-аз худои хеш безорӣ макун.

Хотири касро маранҷон, эй писар,

Варна хӯрда захм бар ҷон, эй писар.

Номи мардум ҷуз ба некӯӣ мабар,

Гар ҳамехоҳи, ки гардӣ мӯътабар.

Қуввати некӣ надорӣ, бад макун,

Бо вуҷуди худ ситам беҳад макун.

Рав, забон аз ғайбати мардум бубанд,

То набинӣ даступои худ ба банд.

Ҳар кӣ аз ғайбат забонаш баста нест,

Ончунон кас аз уқубат раста нест.

ДАР БАЁНИ ФАВОИДИ ХОМӮШӢ

Эй бародар, гар ту ҳастӣ ҳақталаб,

Ҷуз ба фармони худо макшой лаб.

Гар хабар дорӣ зи ҳайи лоямут,

Бар даҳони худ бинеҳ муҳри сукут.

панду насиҳат гӯш кун ,

Гар наҷоте боядат хомӯш кун.

Ҳар киро гуфтор бисёраш бувад,

Дил даруни сина бемораш бувад.

Оқилонро пеша хомӯшӣ бувад,

Пешаи ҷоҳил фаромӯши бувад.

Хомӯши аз кизбу ғайбат воҷиб аст,

Аблаҳ он ки ӯ ба гуфтан роғиб аст.

Эй бародар, ҷуз санои ҳақ магӯ,

Қавли худро аз барои дақ магӯ.

Ҳар ки дар банди иморат мешавад,

Ҳарчи дорад, ҷумла ғорат мешавад.

Дил зи пур гуфтан бимирад дар даҳан,

Гарчи гуфтораш бувад дури Адан.

Он ки саъй андар фасоҳат мекунад,

Чеҳраи дилро ҷароҳат мекунад.

Рав, забонро дар даҳон маҳбус дор,

В-аз халоиқ хешро маъюс дор.

Ҳар кӣ ӯ бар айби худ бино шавад,

Рӯҳи ӯро қуввате пайдо шавад.

ДАР БАЁНИ АМАЛИ ХОЛИСАН ЛИЛЛОҲ

Ҳар ки бошад аҳли имон эй азиз,

Пок дорад чор чиз аз чор чиз.

Аз ҳасад аввал ту дилро пок дор ,

Хештанро баъд аз он мӯмин шумор.

Пок дор аз кизбу аз ғайбат забон,

То ки имонат наяфтад дар зиён.

Пок агар дори амалро аз риё,

Шамъи имони туро бошад зиё.

Чун шикамро пок дорӣ аз ҳаром,

Марди имондор бошӣ вассалом.

Ҳар ки дорад ин сифат, бошад шариф,

В-ар надорад, дорад имони заиф.

Ҳар ки ботин аз ҳаромаш пок нест,

Рӯҳи ӯро раҳ сӯи афлок нест.

Чун набошад пок аъмол аз риё,

Ҳаст беҳосил чу нақши бӯриё.

Ҳар киро андар амал ихлос нест,

Дар ҷаҳон аз бандагони хос нест.

Ҳар ки кора аз барои ҳақ бувад,

Кори ӯ пайваста ба равнақ бувад.

ДАР СИРАТИ МУЛУК

Чор хислат, эй бародар, дар ҷаҳон,

Подшоҳонро ҳаме дорад зиён.

Подшоҳ чун бар мало хандон бувад,

Бегумон дар ҳастиаш нуқсон бувад.

Боз сӯҳбат доштан бо ҳар фақир,

Подшоҳонро ҳаме дорад ҳақир.

Бо занон бисёр агар хилват кунад,

Хештанро шоҳ беҳурмат кунад.

Ҳар киро фарри ҷаҳондорӣ бувад,

Майли ӯ сӯи камозори бувад.

Адл бояд подшоҳонро ва дод,

То зи адлаш аламе гарданд шод.

Гар кунад оҳанги зулме подшоҳ,

Суд накнад маар варо хайлу сипоҳ.

Бо занон шоҳе ки дар хилват нишаст,

Дур набвад гар равад мулкаш зи даст.

Чунки одил бошаду маймунлиқо,

Бошад андар мамлакат шаҳро бақо.

Чун кунад султон карам бо лашкаре,

Баҳри ӯ бозанд сад ҷон сарваре.

ДАР БАЁНИ АҲЛИ САОДАТ

Шуд далели некбахтӣ чор чиз,

Ҳар ки ин чораш бувад, бошад азиз.

Асли пок омад далели некбахт,

Нест бад асли сазои тоҷу тахт.

Некбахтонро бувад рои савоб,

Он кӣ бадрой аст, бошад дар азоб.

Ҳар ки эмин аз азоби ҳақ бувад,

Нест мӯмин, кофари мутлақ бувад.

Умри дунё чанд рӯзе беш нест,

Ғофил аст он кас, ки пешандеш нест.

Тарки лаззоти ҷаҳон бояд гирифт,

Домани соҳибдилон бояд гирифт.

Дар паи лаззоти нафсонӣ мабош,

Дӯстдори олами фони мабош!

Нест ҳосил ранҷи дунё бурданат,

Оқибат чун мебибояд мурданат.

Аз танат чун ҷон равон хоҳад шудан,

Хок андар устухон хоҳад шудан.

Мар туро аз дондани ҷон чора нест,

Раҳ з-анат ҷуз нафас аммора нест.

ДАР БАЁНИ САБАБИ ОФИЯТ

Офиятро гар бихоҳӣ, эй азиз,

Метавонаш ёфтан аз чор чиз.

Эминию неъмат андар хонадон,

Тандурустию фароғат баъд аз он.

Чунки бо неъмат амони бошадат,

Офиятро з-ӯ нишонӣ бошадат.

Бо дили фориғ чу бошӣ тандуруст,

Дигар аз дунё набояд ҳеҷ ҷуст.

Бармаёвар то тавонӣ коми нафс,

То наяфтӣ, эй писар дар доми нафс.

Зери по овар ҳавои нафсро,

Кам бад-ӯ деҳ баҳраҳои нафсро.

Нафсу шайтон мебаранд аз раҳ туро,

То бияндозанд андар чаҳ туро.

Нафсро сад кӯб, доми хор дор,

То тавонӣ дураш аз мурод дор.

Нафси бадро ҳар ки сераш мекунад,

Дар гунаҳ кардан далераш мекунад.

Хулқи худро дур дор аз ҳар мазаҳ,

То наяфтӣ дар вуболу дар базаҳ.

З-обу нон, то лаб,

шикамро пур масоз,

Ҳамчу ҳайвон баҳри худ охур масоз.

Хирқаи пашминаро бар дӯш кун,

Шарбате аз номуродӣ нӯш кун.

Гар ҳамехоҳӣ насиб аз охират,

Рав бадар кун ҷомаҳои фохират.

Дар барат гӯ кисвати некӯ мабош,

Зери паҳлу ҷомаи хубат гӯ мабош.

Ҳамчу сӯфӣ дар либоси суф бош,

Дар сифатҳои худо мавсуф бош.

Марди раҳро буриё қолин бувад,

З-он ки хишташ оқибат болин бувад.

Марди раҳро буди дунё

ДАР БАЁНИ ТАВОЗӮЪ ВА СӮҲБАТИ ДАРВЕШОН

Гар туро ақл аст бо дониш қарин,

Бош дарвешу ба дарвешон нишин.

Ҳамнишини ҷуз ба дарвешон макун,

То тавонӣ ғайбати эшон макун.

Ҳубби дарвешон калиди ҷаннат аст,

Душмани эшон сазои лаънат аст.

Пӯши дарвеш ғайр аз дақл нест,

Дар паи кому ҳавои халқ нест.

Мард то нанҳад ба фақри нафс пой,

Раҳ куҷо ёбад ба даргоҳи худой.

Марди раҳ дар банди қасру боғ нест,

Дар дили ӯ ғайри дарду доғ нест.

Гар иморатро барӣ бар осмон,

Оқибат зери замин гардӣ ниҳон.

Гар чу Рустам шавкату зӯрат бувад,

Ҷой чу баҳром дар гӯрат бувад.

аз охират ғофил мабош,

Бо матои ин ҷаҳон хушдил мабош.

Дар балиёти ҷаҳон саббор бош,

Гоҳи неъмат шокири ҷаббор бош.

ДАР БАЁНИ АЛОМАТИ ШАҚОВАТ

Чор чиз осори бадбахтӣ бувад,

Ҷоҳилию қоҳилӣ, сахти бувад.

Бекасию нокасӣ ҳар чор шуд,

Бахти бадро ин ҳама осор шуд.

Он кӣ дар банди ибодат мешавад,

Бешак, аз аҳли саодат мешавад.

Бар ҳавои худ қадам ҳар к-ӯ ниҳод,

Кай тавонад кард бо нафсак ҷиҳод?.

Ҳар ки созад дар ҷаҳон бо хобу хур,

Дар қиёмат набвадаш з-оташ гузар.

Рӯ бигардон аз муроду орзӯ,

Пас ба даргоҳи худо меор рӯ.

Комронӣ сар ба нокомӣ кашад,

Марди раҳ хатти накӯномӣ кашад.

Амру наҳҳи ҳақ чу дорӣ, эй валид,

Пас марав дунболаи нафси палид.

Ҳар кӣ тарки комронӣ мекунад.

Бар хилофаш зиндагони мекунад,

Амру наҳҳи ҳақ зи “Қуръон” гӯш дор,

Ҷои шодди нест дунё, ҳуш дор.

ДАР БАЁНИ РИЁЗАТИ НАФС

Гар ҳамехоҳӣ, кӣ гардӣ сарбаланд,

Эй писар, бар худ дари роҳат бубанд.

Нафс тавон кушт илло бо се чиз,

Чун бигуям, ёд гираш, эй азиз.

Ханҷари хомӯшию шамшери ҷӯъ,

Найзаи танҳоию тарки ҳуҷӯъ.

Ҳар киро набвад мураттаб ин силоҳ,

Нафси ӯ ҳаргиз наёбад бо салоҳ.

Чунки дил ба ёди оллоҳат бувад,

Деви малъун ёру ҳамроҳат бувад.

Аҳли дунёро чу зару сим оядаш,

Луқмаҳои чарбу ширин боядаш.

Ҳар ки ӯ дар банди симу зар бувад,

Дар уқубат оқибат музтар бувад.

Он кӣ баҳри охират кораш бувад,

Аз худо ташрифи бисёраш бувад.

Моли дунё хоксоронро диҳанд,

Оқибат парҳезкоронро дианд.

Ҳаст шайтон, эй бародар, душманат,

Ғули оташ хоҳад андар гарданат.

Мудбире к-ӯ рӯ ба дунё оварад,

Баҳра кай аз олами уқбо барад.

Эй писар, бо ёди ҳақ машғул бош,

В-аз халоиқ дур ҳамчун ғӯл бош.

ДАР БАЁНИ ФАЗИЛАТИ ФАҚИРӢ

Фақри худро пеши кас пайдо макун,

Меҳнати имрӯзаро фардо макун.

Мар туро он кас ки ҷисму ҷон диҳад,

Ғам махӯр охир, ки обу нон диҳад.

То ба кай чун мӯр бошӣ донакаш,

Гар ту мардӣ, фоқаро мардона каш.

ДАР БАЁНИ ДАРЁФТАНИ ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро,

Не кашад бору на парад бар ҳаво.

Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам,

В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам.

Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст,

Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст.

Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад,

Лек андар маъсият ҷусти кунад.

Нафсро он беҳ, ки дар зиндон кунӣ,

Ҳар чи фармояд, хилофи он кунӣ.

Коми нафсатро баровардан хатост,

З-он ки душманро бипарвардан хатост.

Чун шутур андар раҳи ӯ бош каш,

Бори тоъат бар дари ҷаббор каш.

Бори эзидро ба ҷон бояд кашид ,

Варна ҳамчун саг забон бояд кашид.

Ҳар кӣ гардан мекашад з-ин борҳо,

Бошад аз нафрин бар ӯ анборҳо.

Чун шутурмурғ ҳар кӣ аз бораш гурехт,

Аз гулистони ҳаёташ пар бирехт.

Ҳар кӣ борашро таҳаммул мекунад.

Дар ҷаҳон ҷонаш таҷаммул мекунад,

Кардаӣ бори амонатро қабул,

Аз кашидан пас набояд шуд малул.

Рӯзи аввал худ фузулӣ кардаӣ,

В-он фузулӣ аз ҷуҳулӣ кардаӣ.

эй писар, ғофил мабош,

Чун бале гуфтӣба манн танбил мабош.

То нагирӣ тарки молу иззу чоҳ,

Аз ҳама бар сар наёбӣ чун кулоҳ.

Нест мардӣ хештан оростан,

Қасди ҷон кард он кӣ ӯ орост тан.

Нест бар тан беҳтар аз тақво либос,

Дар такаллуф мардро набвад асос.

Ҳар кӣ ӯ дар бандӣ ороиш бувад,

Дар ҷаҳон фарзанди осоиш бувад.

Оқибат ҷуз номуродӣ набвадаш,

Баҳравар аз айшу шодӣ набвадаш.

Худситоӣ пешаи шайтон бувад,

Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бавад.

Гуфт шайтон: ” ман зи одам беҳтарам”,

То қиёмат гашт малъун лоҷарам.

Аз тавозӯъ хок мардум мешавад,

Нури нор аз саркашӣ гумм мешавад.

Ронда шуд иблис аз мустакбирӣ,

Гашт мақбул одам аз дасти мустағфирӣ.

Шуд азиз одам чу истиғфор кард,

Хор шуд шайтон чу истикбор кард.

Дона паст афтад, забардасташ кунад,

Хӯшае чун сар кашад, пасташ кунад.

ДАР БАЁНИ ОСОРИ АБЛАҲОН

Чор чиз омад нишони аблаҳӣ,

Бо ту гӯям то биёбӣ огаҳӣ.

Айби худро бад набинад дар ҷаҳон,

Бошад андар ҷустани айби касон.

Тухми бухл андар дили худ коштан,

Он гаҳ умеди саховат доштан.

Ҳар кӣ халқ аз хулқи ӯ хушнуд нест,

Ҳеҷ қадраш бар дари маъбуд нест.

Нафси дунёро раҳо кун, эй писар,

То раҳӣ аз ҳар балову ҳар хатар.

Эй басо кас аз барои нафс зор,

Дар бало афтоду гашт аз ғам низор.

Аз барои нафс мурғи номурод,

Омаду дар доми сайёд ӯ фитод.

То дилат ором ёбад, эй писар,

Буду нобуди ҷаҳон яксон шумар.

Аз азоби қаҳри ҳақ эмин мабош,

Дар паи озори ҳар мӯмин мабош.

Дар бало ёри махоҳ аз ҳеҷ кас,

З-он кӣ набвад ҷуз худо фарёдрас.

Ҳар киро ранҷондаӣ узраш бихоҳ,

То набошад хасми ту дар арзагоҳ.

Гар ғано хоҳад касс аз зувалминан,

Дар қаноат метавонаш ёфтан.

ДАР БАЁНИ АҚЛУ ОҚИЛОН

Ҳар киро ақл аст, дониш, эй азиз,

Дур бояд буданаш аз чор чиз.

Кори худ бо носазо накунад раҳо,

Мард мекунад ба ҷои носазо.

Ақл дорӣ, майли бекори макун,

З-ин чу бигзаштӣ, сабуксори макун.

Ҳар киро аз ҳилм дио равшан бувад,

Дар замона бо салоҳи тан бувад.

То шавӣ пеш аз ҳама дар рӯзгор,

Даст бар нону намак бикшода дор.

То ту боши дар замона додгар,

Зердастонро накӯ дорӣ асар.

Ҳар кӣ ӯ аз аз ҳирс дунё дор шуд,

Бегумон, аз вай худо безор шуд.

Баҳри зар мастоӣ дунёдорро,

То чӣ хоҳи кардан ин мурдорро.

Мурдагонанд ағниёни рӯзгор,

Эй писар , бо мурдагон сӯҳбат мадор.

Молу зар беҳад ба даст оварда гар,

Баъд аз он дар гӯри ҳасрат бурда гар.

Читайте также:  Что день грядущий мне готовит гадание таро

ДАР БАЁНИ ФАЗИЛАТИ ЗИКРИ ОЛЛОҲ

Бо доим , эй писар, бо ёди ҳақ,

Гар хабар дорӣ зи адлу доди ҳақ.

Зинда дор аз зикр субҳу шомро,

Дар тағофул магзарон айёмро.

Ёди ҳақ омад ғизо ин рӯҳро,

Марҳам омад ин дили маҷрӯҳро.

Ёди ҳақ гар муниси ҷонат бувад,

Кай хавои коху айвонат бувад.

Гар замоне ғофил аз раҳмон шавӣ,

Андар он дам ҳамдами шайтон шавӣ.

Мӯмино, зикри худо бисёр гӯй,

То биёби дар ду олам обрӯй.

Зикрро ихлос мебояд нахуст,

Зикри беихлос кай бошад дуруст.

Зикр ба се ваҷҳ бошад бехилоф,

Ту надони ин суханро аз газоф.

Омро набвад ба ҷуз зикри забон,

Зикри хосон бошад аз дил бегумон.

Зикри хосалхос зикри сир бувад,

Ҳар ки зокир нест, ӯ хосир бувад.

Ҳамдами холиқ бар забон рон, эй писар,

Умр то барбод надиҳӣ сарбасар.

Лаб маҷунбон ҷуз ба зикри кирдигор,

З-он ки поконро ҳамин будаст кор.

ДАР БАЁНИ АМАЛИ ЧАҲОР ЧИЗ

Бар ҳама касс нек бошад чаҳор чиз,

Бо ту гӯям ёдгираш , эй азиз :

Аввал он бошад, ки бошӣ додгар,

Ҳам зи ақли хеш бошӣ бохабар.

Бо шикебоӣ такарруб кардан аст,

Ҳурмати мардум ба ҷо овардан аст.

ДАР БАЁНИ ХИСЛАТИ ЗАМИМА

Чор чизи дигар, эй некӯсиришт,

Ҳаст аз ҷумла халоиқ сахт зишт.

З-он чаҳор аввал ҳасадгини бувад,

З-он гузаштӣ уҷбу худбини бувад.

Хашмро дигар фурӯ нохӯрдан аст,

Хислати чорум бахили кардан аст.

Эй писар, кам гард гирди ин хисол,

Аз барои ин ки зишт аст ин фиол.

Ғилу ғаш бигзор чун зар пок шав,

Пеш аз он ки хок гардӣ, хок шав.

Ҳирс бигзору қаноат пеша кун ,

Охир аз мурдан яке андеша кун.

Бо муҳиббон бош доим ҳамнишин,

То тавонӣ рӯи аъдоро мабин.

ДАР БАЁНИ ОДОБИ ПАНДУ НАСИҲАТ

Чун туро омад мақоме созгор,

Бар набандӣ рахт з-он ҷо зинҳор.

Дар насиҳат он ки напазирад сухан,

Бо чунин кас панди худ зоеъ макун.

Хӯи бадро нек кардан мушкил аст,

Ҷаҳд кардан баҳри ӯ беҳосил аст.

Бандаро гар нест дар коре ризо,

Кай тавонад бозгардонад қазо.

Ҳар кӣ ӯ истеза бо султон кунад,

Кори худро сарбасар вайрон кунад.

Ҳар кӣ ӯ боғи шавад аз подшоҳ,

Рӯзи ӯ чун тирашаб гардад сиёҳ.

ДАР БАЁНИ АЛОМАТИ МУДБИРОН

Чор чиз омад нишони мудбирӣ,

Ёдгираш гар ту равшанхотирӣ.

Мцдбирӣ бошад ба аблаҳ машварат,

Пас ба ҷоҳил додани симу зарат.

Ҳар кӣ панди дӯстон накнад қабул,

Дар ҳақиқат мудбир аст, он булфузул.

Ҳар кӣ аз дунё нагирад ибрате,

Ҳаст аз он мудбир ҷаҳонро нафрате.

Машварат ҳар кас ки бо аблаҳ кунад,

Деви малъунаш сабук гумраҳ кунад.

Он кӣ молу зар диҳад бо ҷоҳилон,

Ончунон кас кай бувад аз муқбилон.

Зар чу ҷоҳилро ҳаме ояд ба каф,

Мекунад исрофу месозад талаф.

Нашавад аз дӯст мудбир пандро,

Аз ҷаҳолат бигсалад савгандро.

Ранҷи андакро бикун ғамхорагӣ,

Варна бинӣ аҷз дар бечорагӣ.

Дарди сарро гар биҷӯяд кас илоҷ,

Хавфи он бошад, ки баргардад мизоҷ.

Бош аз қавли мухолиф барҳазар,

Пеш аз он к-аз по дароӣ, эй писар.

Оташи андак тавон куштан ба об,

Вои он соат ки гирад илтиҳоб.

ДАР БАЁНИ МАЗАММАТИ ХАШМУ ҒАЗАБ

Эй писар, ҳар кас ки дорад чор чиз,

Чори дигар ҳам шавад мавҷуд низ.

Оқибат расвои ояд аз лаҷоҷ,

Хашмро накнад пушаймонӣ илоҷ.

Бегумон аз кибр хезад душманӣ,

Ҳосил ояд хорӣ аз коҳил бинӣ.

Чун луҷоҷе дар миён пайдо шавад,

Банда аз шуми ӯ расво шавд.

Хашми худро чунки ронад ҷоҳиле,

Ҷуз пушаймониш набвад ҳосиле.

Ҳар кӣ гашт аз кибр боло гарданаш,

Дӯстон гарданд охир душманаш.

Коҳилиро ҳар кӣ созад пешае,

Ояд аз хорӣ ба пояш тешае.

Хашми худро гар фурӯ нахвард касе,

Оқибат бинад пушаймонӣ басе.

Ҳар кӣ ӯ афтодаву танпарвар аст,

Нест одам, камтар аз гову хар аст.

ДАР БАЁНИ БЕСУБОТИИ ЧОР ЧИЗ

Чор чиз, эй хоҷа, кам дорад бақо,

Гӯш дор, эй мӯмини маймунлиқо.

Ҷаври султонро бақо камтар бувад,

Пас итоби асдиқо камтар бувад.

Бо раият чун кунад султон ситам,

Мардро бошад бақо дар мулк кам.

Гар туро аз дӯстон ояд шитоб,

Камбақо бошад чу хат дар рӯи об.

Гарчи бошад зан замоне меҳрубон,

Чун кам ояд баҳра, бикшояд забон.

Чун ба ноҷинсон нишинад одаме,

Камтарак бинад аз эшон ҳамдаме.

Зоғ чун фориғ зи бӯи гул бувад,

Нафраташ аз сӯҳбати булбул бувад.

Сӯҳбати ноҷинс ҷолнкоҳӣ бувад,

Ҷумларо з-ин ҳол огоҳӣ бувад.

Чун туро ноҷинс ояд дар назар,

Эй писар, чун бод аз вай даргузар.

ДАР БАЁНИ ОН КИ ЧАҲОР ЧИЗ АЗ ЧАҲОР ЧИЗ КАМОЛ ЁБАД

Чор чиз аз чори дигар шуд тамом,

Чун шунидӣ, ёд медор, эй ғулом.

Дониши мард аз хирад гирад камол,

Аз амал динат ҳамеёбад ҷамол.

Динат аз парҳез комил мешавад,

Неъматат аз шукр шомил мешавад.

Ҳаст донишро камолот аз хирад,

Беамалро аҳли дин касс нашмарад.

Шукри неъматро камоле медиҳад,

Ғофилонро гӯшмоле медиҳад.

Шукр нокардан заволи неъмат аст,

Баҳраи шокир камоли неъмат аст.

Илмро беақл натвон кор баст,

Пеши беақлон намебояд нишаст.

Бе хирад дониш вубол аст, эй писар,

Илм мурғу ақл бол аст, эй писар.

Ҳар кӣ илме дораду набвад бар он,

Аз тариқи ақл бошад бар карон.

ДАР БАЁНИ ОН КИ БОЗГАРДОНИДАНИ ОН МУҲОЛ АСТ

Чор чиз аст, он ки баъд аз рафтанаш,

Аз муҳол аст бозоварданаш.

Чун ҳадисе рафт ногаҳ бар забон,

Ё ки тире ҷаст берун аз камон.

Боз чун орад ҳадиси гуфтаро?

Кас нагардонад қазои рафтаро.

Боз кай гардад, чу тир андохтӣ,

Ҳамчунин умрат, ки зоеъ сохтӣ.

Ҳар кӣ беандеша гуфтораш бувад,

Бас надоматҳои бисёраш бувад.

То нагуфтӣ, метавонӣ гуфтанаш,

Чун бигуфтӣ, кай тавон бинҳуфтанаш.

ДАР БАЁНИ ҒАНИМАТ ДОНИСТАНИ УМР

Умрро медон ғанимат ҳар нафас,

Чун равад, дигар наёяд бозпас.

Ҳеҷ кас аз худ қазоро рад накард,

Ҳар кӣ розӣ аз қазо шуд бад накард.

Ҳар кӣ мехоҳад, ки бошад дар амон,

Мӯҳр мебояд ниҳодан бар забон.

Месазад гар умрро донӣ азиз,

Чун равад, пуштат нахоҳӣ дид низ.

ДАР БАЁНИ ХАМӮШӢ ВА САХОВАТ

Ҳосил ояд чор чиз аз чор чиз,

Ёд гир ин нуқта аз ман, эй азиз.

Хомӯширо ҳар кӣ созад пешае,

Гардад эмин, набвадаш андешае.

Гар саломат боядат,

Гашт эмин, ҳар кӣ некӣ кард фош.

Аз саховат мард ёбад сарварӣ,

Шукр неъматро диҳад афзунтарӣ.

Ҳар кӣ шуд сокиту лаб хомӯш кард,

Аз саломат кисвате бар дӯш кард.

Гар ҳамехоҳӣ, кӣ бошӣ дар амон,

Рав накӯи кун ту бо халқи ҷаҳон.

Ҳар киро одат шавад ҷуду карам,

Дар миёни халқ гардад мӯҳтарам.

Ҳар кӣ кори нек ё бад мекунад,

Он ҳама медон ки бо худ мекунад.

Эй дародад, бандаи маъбуд бош,

То тавонӣ, бо сахову ҷуд бош.

Бош аз бухли бахилон пурҳазар,

То насӯзад маар туро нори сақар.

ДАР БАЁНИ ЧОР ЧИЗЕ КИ ХОРӢ ОВАРАД

Чор чизат бар диҳад аз чор чиз,

Нашнавад ин нуқта ҷуз аҳли тамиз.

Ҳар кӣ з-ӯ содир шавад ин чор кор,

Бинад ӯ чорӣ дигар беихтиёр.

гардад хор мард,

Монд танҳо ҳар кӣ истихфоф кард.

Ҳар кӣ дар поёнӣ коре нангарад,

Оқибат рӯзе пушаймонӣ хӯрад.

Ҳар кӣ накнад эҳтиёти корҳо,

Бар дилаш охир нишинад борҳо.

ДАР БАЁНИ АТОИ ҲАҚ ТАЪОЛО

Чор чизат аз атоҳои карим,

Бо ту гӯям, ёдгираш, эй салим.

Фарзи ҳақ аввал ба ҷо овардан аст,

Волидайн аз хеш розӣ кардан аст.

Ҳукми дигар чист? Бо шайтон ҷиҳод,

Чорумин некӣ ба халқи номурод.

ДАР БАЁНИ БОИСИ ЗАВОЛИ САЛТАНАТ

Чор чиз омад фасоди подшоҳ,

Бо ту мегӯям, вале дораш нигоҳ.

Аввал андар мамлакат ҷаври амир,

Дигар он ғафлат ки бошад дар вазир.

Ранҷи шаҳ бошад хиёнат дар дар дабир,

Бад бувад гар қуввате ёбад асир.

Чун кунад дар мулки шаҳ мире ситам,

Подшаҳро з-ин сабаб бошад алам.

Чун бувад ғофил вазири бехабар,

Мулки шаҳ аз вай бувад зерузабар.

Гар халал дар китоби девон бувад,

Оқибат ранҷи дили султон бувад.

Гар асиронро шавад қувва падид,

Дар вилоят фитнаҳо гардад ҷадид.

Чун салобат дар вуҷуди шаҳ бувад,

Дасти мирон аз ситам кӯтаҳ бувад.

Гар набошад воқифу доно вазир,

Подшаҳро з-ӯ бувад ранҷи касир.

Гар надорад шаҳ сиёсатро ба кор,

Мукл вайрон гардад аз ҳар нобакор.

ДАР БАЁНИ ОН КИ УМРРО БИКОҲОНАД

Умри мардумро бикоҳад панҷ чиз,

Ёдгираш, чун шунидӣ, эй азиз.

Шуд яке з-он панҷ дар пирӣ ниёз,

Пас ғарибӣ в-он гаҳе ранҷи дароз.

Ҳар кӣ ӯ бар мурда андозад назар,

Умри ӯ бешак, бикоҳад, эй писар.

Панҷ омад тарсу ваҳм аз душманон,

Умрро инҳо ҳаме дорад зиён.

Ҳар кӣ ӯ аз душманон тарсон бувад,

Кори ӯ ҳар лаҳза дигарсон бувад.

Аз худо тарсу матарс аз душманон,

К-аз ҳама дорад худоят дар амон.

ДАР БАЁНИ ОН КИ ОБРӮРО БИЯФЗОЯД

Мефизояд обрӯ аз панҷ чиз,

Бо ту гӯям, бишнав, эй аҳли тамиз.

Дар саховат кӯш, агар дорӣ ғано,

То физоят обрӯят аз сахо.

Бурдборию вафодорӣ гузин,

З-он ки обрӯй афзояд аз ин.

Он кӣ ӯ бар халқ бахшояд ҳаме,

Бешак, обрӯй афзояд ҳаме.

Чун ба корӣ хеш ҳозир будаӣ,

Обрӯи хешро афзудаӣ.

Аз саховат обрӯ афзун шавад,

В-аз бахилӣ бехирад малъун шавад.

Ҳар киро бо халқ бахшоиш бувад,

Обрӯӣ вай дар афзоиш бувад.

Бош доим бурдбору бовафо,

То ба рӯи хеш бинӣ сад зиё.

То бимонад сиррат аз душман ниҳон,

Сирри худ бо дӯстон камтар расон.

То нагардӣ пеши мардум шармсор,

Он чи худ нанҳода бошӣ бармадор.

Эй бародар, пардаи мардум мадар,

То надаррад пардаат шахси дигар.

Бар ҳавои дил макун зинҳор кор,

То наёрад пас пушаймонит бор.

То забонат бошад,

Даст кӯтаҳ дору ҳар ҷониб матоз.

Қадри мардумро шинос,

То шиносад дигаре қадри ту ҳам.

Ҳар киро қадре набошад бар ҷаҳон,

ки ҳаст аз мурдагон.

Аз қаноат ҳар киро набвад нишон,

Кай тавонгар созадаш моли ҷаҳон?

Бар адӯи хеш чун ёбӣ зафар,

Авф пеш орзу зи ҷурмаш даргузар.

Доимо мебош аз ҳақ тарскор,

Низ бош аз раҳматаш умедвор.

Ботавозӯъ бошу хӯ кун бо адаб,

Сӯҳбати парҳезкорон металаб.

Бурдбори ҷӯй, беозор бош,

То ки гардад дар ҳунар номи ту фош.

Сабру илму ҳилм тарёки диланд,

Ҳирсу буғзу кина заҳри қотиланд.

Ҳамчу тарёканд доноёни даҳр,

Қотиланд, эй хоҷа,

нодонон чу заҳр.

Мардум аз тарёк меёбат наҷот,

Худ касе аз заҳр кай ёбад ҳаёт?

Фахри ҷумла илмҳо нон додан аст,

Дар ба рӯи дӯстон бикшодан аст.

Гарчи доно бошию аҳли ҳунар,

Хешро камтар зи ҳар нодон шумар.

ДАР АЛОМАТИ МАРДИ НОДОН

Шуд ду хислат марди нодонро нишон:

Сӯҳбати сибёну рағбат бо занон.

ДАР БАЁНИ ТАРИҚИ ЗИНДАГОНӢ

Нохушӣ дар зиндагонӣ, эй валид,

Мардро аз хӯи бад гардад падид.

Он ки набвад мардро феъли накӯ,

Мурда медонаш, ки набвад зинда ӯ.

Ҳар кӣ гӯяд айби ту андар ҳузур,

Менамояд роҳат аз зулмат ба нур.

Мар туро ҳар кас ки бошад раҳнамо,

Шукри ӯ мебояд овардан ба ҷо.

Мар хирадмандони оламро шинос,

Хулқ некӯ, шарм некӯтар либос.

Ҳоли худро аз ду кас пинҳор мадор,

Аз табиби ҳозиқу аз ёри ғор.

То савоби кор бинӣ сарбасар,

Бар муроди худ макун кор, эй писар.

То тавонӣ бо занон сӯҳбат маҷӯй,

Рози худро низ бо эшон магуй.

Он чи андар шаръ бошад нописанд,

Гирди ӯ ҳаргиз магард, эй ҳушманд.

Ҳар чиро кардааст ҳақ бар ту ҳаром,

Дур дор аз худ, ки бошӣ некном.

Чунки рӯзӣ бар ту бикшояд худой,

Дил кушода дору тангӣ кам намой.

Тозарӯю хушсухан бош, эй ахӣ,

То бувад номи ту дар олам сахӣ.

Бармахӯр андӯҳи марг, эй булҳавас,

Чунки вақт ояд, нагардад пешу пас.

Дил зи ғилуғаш ҳамеша пок дор,

То тавонӣ кина дар сина мадор.

Такя кам кун хоҷа бар кирдори хеш,

Дил бинеҳ бар раҳматӣ ҷаббори хеш.

Беҳтарини чизҳо хулқи накӯст,

Халқ хулқи некро доранд дӯст.

Рав фурӯтар бош доим,

К-ин бувад ороиши аҳли салаф.

Он кӣ бошад бар кафи шаҳват асир,

Гар ту бинӣ нокасеро дастгоҳ,

Ҳоҷати худро аз ӯ ҳаргиз махоҳ.

Бар дари нокас қадам ҳаргиз мабар,

ҳам мапурс аз вай хабар.

То тавонӣ кори аблаҳро масоз,

вале камтар навоз.

ДАР БАЁНИ ЭҲТИРОЗ АЗ ДУШМАНОН

Источник

Оцените статью